- сих
- I[سيخ]1. мили борики оҳании нӯгтез, мили оҳание, ки парчаҳои гӯштро ба он гузаронда дар оташ кабоб мекунанд; на сих сӯзад, на кабоб (зарб.); сихи тилло тиллое, ки онро гудохта ба қолиби новамонанд рехта ба шакли мила дароварда бошанд, ки инро шимш меноманд; ба сих задан гӯштро барои кабобкунӣ ба мила гузаронидан; сих кардани гӯш гӯши худро сих барин рост кардани чорпоён; мутаваҷҷеҳ кардани гӯш барои беҳтар шунидани садое; сих шудан а) сих барин рост хестани мӯй (аз хашм, тарс ва ғ.); б) барои нағз шунидани гуфтаи касе бо диққат гӯш фаро додан2. дандонаҳон тези борик (мас., дар сихмола); сих задан хала зада дард кардани узве; сих мондан а) ҳайрон шудан; б) рах – рах шудан, торҳо пайдо карданII[سيخ]1. чубчаи майдаи нӯгтез2. асбоби дастбофӣ3. сихчаҳои оҳанӣ барои бастани мӯи сар4. сихи нӯгтез барои сайди паранда
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.